Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Шаҳрамонро ободу озода мегардонем.
Рӯзи 4 апрел аз раиси ноҳия сар карда то кормандони қатории ҳама ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари умумӣ баромада, тамоми кӯчаву паскӯчаҳои шаҳраки Ёвонро тозаю озода карданд. Дар рафти ҳашар микдори зиёди партову алафҳои бегона аз шафати роҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба партовгоҳ бароварда шуд. Ширкати васеъ ва фаъолонаи аҳолӣ дар ҳашари дастҷамъона нишони ҳисси баланди ватандории сокинони ноҳияи Ёвон аст. Умед аст, ки ҳар як сокини шаҳраки Ёвон, соҳибмулкони дӯкону мағозаҳо заҳмати ҳашарчиёнро қадр карда, ба ободию озодагии кӯчаву маҳаллаҳо диққати бештар медиҳанд.


