11 октябр - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  • Posted on: 9 October 2020
  • By: korbar

8 октябри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. семинари машваратӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии ҳудуди ноҳия, мушоҳидони миллӣ, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ВАО ва дигар фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси Ҳавзаи интихоботии “Ёвон № 55” Раҳимов Ф. иттилоъ дод, ки комиссияи ҳавзавӣ фаъолияти худро тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2020, № 103 ба роҳ монда, ҳама тадбирҳои омодагиро ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ба сомон расонидааст. Участкаҳои интихоботӣ бо теъдоди 64 адад таъсис дода шуда, сарпарастии онҳо аз ҷониби аъзои комиссияи ҳавзавӣ муайян гардидааст. Аз 623 нафар аъзои комиссияи ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихоботӣ 337 нафар ё худ, 54,1 фоизи онро занон ташкил медиҳанд. Фаъолияти участкаҳои интихоботӣ ба таври мунтазам аз ҷониби аъзои комиссияи ҳавзавӣ назорат карда мешавад. Маводи иттилоотӣ оид ба участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳия, бо нишон додани макони ҷойгиршавӣ, суроға ва шумораи эҳтимолии интихобкунандагони онҳо дар рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Ёвон” интишор дода шудааст. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш аз ҷумла изҳор намуд: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама тадбирҳои заруриро андешида, барои харидорӣ намудани маводи зарурӣ ва дастрас намудани онҳо ба комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ беш аз 21 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст ва дар ҳоли зарурат дастгириҳои худро идома медиҳад. Тавре ки маълум мегардад, роҳбарият ва аъзои комиссияҳо аз ҳисоби кадрҳои масъул ва лаёқатманд таъин шудаанд ва ин ба мо имкон медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ гузаронем. Бо ҳамин мақсад мушоҳидони миллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, волонтёрон, инчунин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ноҳия дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои дар фазои озод баргузор шудани интихобот ва таъмини амнияти интихобкунандагон ҳама шароиту имкониятҳоро фароҳам оваранд. Ба масъулини комиссияҳо дастур дода шуд, ки вазъи эпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории Covid-19-ро ба эътибор гирифта, бо ҳамин мақсад дар участкаҳои интихоботӣ маводи зиддисироятӣ ва либосҳои муҳофизатиро муҳайё намуда, барои риоя гардидани фосилаи иҷтимоӣ аз ҷониби интихобкунандагон, ҳама чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд. Дар охир раиси ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Ёвон рўзи 11 октябр дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, бо овози худ барои ояндаи ободи Ватани азизамон Тоҷикистон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд