Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Дар ноҳияи Ёвон озмуни «Беҳтаринҳо» ҷамъбаст гардид.
Зимни баргузории ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба натиҷаҳои рушд дар соли 2020, ки 15 январи соли 2021 бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндаи Ҳукумати ҶТ- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов гузашт, озмуни ноҳиявӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва оила бахшида ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 7 номинатсия ҷамъбаст гардида, ба ғолибон дипломҳову ҷоизаҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Натиҷаҳои озмуни мазкур чунинанд:
Номинатсияи беҳтарин шаҳрак
Ҷойи 1-ум: шаҳраки Ёвон
Ҷойи 2-юм: шаҳраки ҳаёти Нав
Номинатсияи беҳтарин деҳот
Ҷойи 1-ум: деҳоти Даҳана
Ҷойи 2-юм: деҳоти Чоргул
Ҷойи 3-юм: Обшорон
Номинатсияи беҳтарин маҳалла
Ҷойи 1-ум: маҳаллаи Ҷомӣ аз шаҳраки Ёвон
Ҷойи 2-юм: маҳаллаи Навкорам аз деҳоти Г. Юсуфова
Ҷойи 3-юм: маҳаллаи Ваҳдат аз шаҳраки Ҳаёти Нав
Номинатсияи беҳтарин кӯча
Ҷойи 1-ум: кӯчаи М. Турсунзода аз шаҳраки Ёвон
Ҷойи 2-юм: кӯчаи Асадулло Ғуломов аз шаҳраки Ёвон
Ҷойи 3-юм: Садриддин Айнӣ аз шаҳраки Ҳаёти Нав
Номинатсияи беҳтариндеҳа
Ҷойи 1-ум: деҳаи Дастгирак аз деҳоти Ҳ.Ҳусейнов
Ҷойи 2-юм: деҳаи Рӯдакӣ аз деҳоти Ситораи Сурх
Ҷойи 3-юм: деҳаи Зафар аз деҳоти Норин
Номинатсияи беҳтарин оила дар шаҳрак
Ҷойи 1-ум: оилаи Сафархоловҳо аз шаҳраки Ёвон
Ҷойи 2-юм: оилаи Расуловҳо аз шаҳраки Ҳаёти Нав
Ҷойи 3-юм: Оилаи Занҷировҳо аз шаҳраки Ёвон
Номинатсияи беҳтарин оила дар деҳот
Ҷойи 1-ум: оилаи Алиевҳо аз деҳоти Чоргул
Ҷойи 2-юм: оилаи Ашурбековҳо аз деҳоти Ситораи Сурх
Ҷойи 1-ум: оилаи Аскаровҳо аз деҳоти Г.Юсуфова