Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Шаҳраки Ёвон
Шаҳраки Ёвон соли 1994 мақоми шаҳриро гирифт ва соли 2004 дубора ба шаҳрак табдил дода шуд. Маркази ноҳия аз маҳаллаву кӯчаҳои Меҳвар, М.Турсунзода, Б.Ғафуров, К.Қурбонов, Т.Хушвахтов, Одинаев, Шамсов, Тоҷикистон, К.Мирзоев, Р.Раҷабов, А.Ғуломов, Дӯстӣ, Ёвони Куҳна, С.Айнӣ, С.Шерозӣ, 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Спутник, Орзу, А.Ҷомӣ, Ҷ.Бобиев, А.Раҳматуллоев, Т.Карликов ва як чанд тангкӯчаҳо иборат буда, шумораи аҳолии он имрӯз беш аз 39 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди шаҳраки Ёвон ҳама ниҳодҳои ноҳиявии Вазоратҳо ва Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (Прокуратура, Суд, Шуъбаи корҳои дохилӣ, Шуъбаи амният); Комиссариати ҳарбии ноҳия, Қисми низомии 6593, Маҳбасхона, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, филиалҳои 6 бонк (Амонатбонк, Ориёнбонк, Промбонк, Агроинвестбонк, Содиротбонк, Эсхата, инчунин, ташкилотҳои хурди қарздиҳии Имон Интернешнл, Ҳумо, Финка, Оксус ва ғ.), фабрикаи дӯзандагӣ ва бофандагии “Ваҳдат”, корхонаи коркарди шири “Комрон Агро Холдинг”, якчанд корхонаҳои хурд ва миёнаи истеҳсолӣ, зиёда аз 210 бинои истиқоматии баландошёна, 5 муассисаи томактабӣ (№ № 1, 5, 11, 13, 14), 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (№ № 1, 2, 5, 45, 75, 77, Литсей, Гимназия, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ), се муассисаи ибтидоии касбӣ (Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникӣ, Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ), Гурӯҳи мақсадноки Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ (дар бинои МТМУ № 45), Мактаби бачагонаи санъат ба номи Ф.Шарифов, мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон ба номи Р.Тешаев, Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов, Кохи синамои “Наврӯз”, Осорхона, се китобхонаи оммавӣ, Матбааи “Субҳи Ёвон”, Маркази алоқаи Почта, Қитъаи техникии “Тоҷиктелеком”, Маркази телевизиони кабелӣ, Радиои маҳаллӣ, Хонаи пиронсолон ва маъюбон, Маркази минтақавии рӯзонаи “Умед”, Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 5 нуқтаи тиббии хусусӣ, 21 дорухона, теъдоди зиёди тарабхонаҳо (“Ёвон”, “Кушон”, “Дунё”, “Шоми Ёвон” ва ғ.), даҳҳо марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, маишӣ ва техникӣ, дӯкону мағозаҳо, ҳаммомҳо, чор бозори тиҷоратӣ (Меҳргон, Тиҷорат, Ансор, Фаровон), Терминали мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд ва Варзишгоҳи марказӣ, 1 Маҷмаа, 1 Ҳавзи шиноварии болопӯшида, якчанд толор ва майдончаҳои варзишӣ, 3 боғи истироҳатӣ (Фароғат, Ғалаба, ба номи Б.Ғафуров) ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор доранд.
Масофаи роҳҳои мошингарди шаҳраки Ёвон 130 км аст, ки аз он 20-км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ аҳолии шаҳраки Ёвон то соли 2035 ба 55-60 ҳазор нафар мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳудуди он дар ояндаи наздик мутобиқи Нақшаи генералии нав (28 декабри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст) васеъ гардида, аз 613,17 гектар ба наздики 1300 гектар расонида хоҳад шуд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии мазкур, бо дарназардошти афзоиши талабот барои бунёди манзилҳои истиқоматии 9-12 ошёна- 35%, биноҳои 4-6 ошёна- 40% ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ (0,04-0,06 га)- 25% пешбинӣ менамояд. Тибқи ин санад дар баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия бунёд намудани биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, боғҳои фароғатӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 мактабин-тернат, марказҳои фарҳангӣ ва ҷавонон, осорхона ва китобхонаи замонавӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар асоси Нақшаи генералӣ сохтори нақлиётӣ нигоҳ дошта мешавад, кӯчаҳо таҷдид гардида, шоҳроҳҳои нав сохта, минтақаҳои коммуналӣ, ҷойҳои истироҳати аҳолӣ ва системаи шоҳроҳҳои шаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ ба низом дароварда мешаванд.
Тибқи нақшачорабӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ёвон 88 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда то имрӯз 70 ададаш пурра ба истифода дода шудааст, ки 75,5%-и нақшаро ташкил медиҳад. Дар 18 адади боқимонда корҳои сохтмони идома дорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ёвон бояд 48700 бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва 1950 бех дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида мешуд.
Аммо, новобаста аз оне ки имсол боду ҳаво дар ноҳия номусоид омада бошад ҳам, дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ёвон, аз ҷумла дар кӯчаҳои ба номи Б.Ғафуров, Меҳвар, М.Турсунзода, А.Ҷомӣ, К.Қурбонов, Т.Хушвахтов, Қ.Одинаев, С.Шерозӣ ва ғ. зиёда аз 80000 бех гулу буттаҳои ороишӣ ва 25000 бех дарахтон, аз ҷумла100 бех каштан шинонида шуда, зиёда дар 0,80 сотих гулгаштҳои кӯчаҳои марказии шаҳрак кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронида шудааст.
Аз шумораи умумии 80000 бех гулу буттаҳо зиёда аз 15850 ададашро Гули лола ташкил медиҳад.


