Натиҷаҳо назаррасанд.

  • Posted on: 14 April 2021
  • By: korbar

13 апрели соли 2021 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро, бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат маҷлиси васеъ баргузор гардида, дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷойи зикр аст, ки дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 420 млн. 205,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 млн. 766 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 356,2 млн. сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 64 млн. 3 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 14 млн. 920,9 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Дар ин давра музди миёнаи кор 1286,6 сомониро ташкил дод.

Наќшаи ќисми даромади буљети мањаллї дар ҳаҷми 103,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 58018,3 ҳазор сомонии нақшаи пешбинигардида ба буҷети маҳаллӣ 59795,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 1777,3 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9173,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар ҳаҷми 100,9 % фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 67 млн. 222,6 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 569,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 3 намуди андозҳо иҷро нагардид, ки инҳо андоз аз даромад (88,1%), андоз аз арзиши иловашуда (34,6%) ва андози иҷтимоӣ (92,9%) мебошад.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2021 қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) – 6,0 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 555,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 36,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбатан -1,4 млн сомонӣ кам ва муомилоти мол ба 113,7 млн. сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 21,4 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 15,0 млн. сомонӣ, ба соҳибкорон 13,6 млн. сомонӣ ва ба дигар истеъмолкунандагон 16,5 млн. сомонӣ, ҷамъ 45,2 млн. сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин ҳисоб маблағи умумии азхудшуда 53,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ ба 64 млн. 3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки аз он 946,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 63 млн. 57 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Дар ин давра 64 хоҷагии ёрирасони корхонаҳои кишоварзӣ, 71 адад дигар намуди хоҷагидорӣ ва 1 адад хоҷагии таълимии таҷрибавии “Ёвон-1”, 4524 хоҷагиҳои деҳқонӣ (аз он 2037 хоҷагии пахтакор) фаъолият доштанд.

Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 22482 гектар зироат кишт гузаронида мешавад.

Алҳол дар майдони 8658 гектар кишт гузаронида шудааст, ки ин баробари 38,5 фоизи дурнамо буда, аз он 6262 гектар ғалла, 386 гектар ҷав ва 115 гектар дигар намуди ғаладонагиҳо, 980 гектар сабзавот, 480 гектар зағер, 275 гектар картошка, 58,6 гектар полезӣ ва 675 гектар юнучқа мебошад. Кишти зироатҳои баҳорӣ идома дорад.

Дар бахши хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 183,0 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки ин бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 баробар мебошад.

Барои кишоварзон ва кулли мардуми ноҳияи Ёвон дастоварди бузург дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ин ба истифода дода шудани комплекси чорводории фермаи парвариши чорвои гӯштии ҶДММ “Мармарӣ” барои 3500 сар чорво ба ҳисоб меравад. Кушодашавии комплекси мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 26 марти соли ҷорӣ сурат гирифта, боиси сарафрозии сокинон ва тамоми кишоварзони ноҳия гардид. Мақсад аз таъсиси чунин комплекси муқтадири чорводорӣ тамоми фасли сол таъмин намудани сокинони пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе бо гӯшти аълосифат мебошад.

Дар ноҳия 101977 сар чорвои калон (аз он 48194 сар модагов), 228693 сар бузу гӯсфанд, 352224 сар паранда, 6214 сар асп, 4419 оилаи занбӯри асал  парвариш ёфта истодааст.

Дар ин давра 1615,7 тонна гӯшт, 7286,2 тонна шир ва 3 млн. 138,7 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбатан 264,7 тонна гӯшт, 275,9 тонна шир ва 170,4 ҳазор дона тухм зиёд мебошад. иёнии ҶБВ, 39 нафар хизматчии ҳарбӣ, 8 нафар маъюбони байналмилалӣ, 10 нафар иштирокчиёни бартарафсозии садамаи Стансияи атомии “Чернобил”), 1 нафар маъюби сохти канститутсионӣ ва 45 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шудаанд. Талаботи моҳонаи нафақахӯрон 4 млн. 713,2 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳар як нафақахӯр ба ҳисоби миёна 300 сомонӣ 22 дирам рост меояд.

Пардохти нафақапулиҳо таввасути кортҳои пластикии «Амонатбонк» амалӣ шуда, айни ҳол нафақапулии моҳи марти соли 2021 пардохт гардида истодааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 356,2  млн.  сомонӣ (104,4 %) расонида шуд, ки нисбат ба 3 моҳи аввали соли 2020-ум  14,9 млн. сомонӣ  зиёд мебошад

Аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 124 ҳазору 626 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 56 ҳазору 290 тонна семент ба маблағи умумии 78 млн. 743,5 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 13 млн. 920,9 ҳазор сомони зиёд мебошад.  Дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосхои тагпӯши кӯдакона ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.

Аз 44 корхонаи саноатии мавҷуда 25-тои он фаъолият доштанд. Дар ин давра, ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ фаъолияткунанда бо сабабҳои гуногун 8 корхонаю коргоҳҳо фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд, ки барои аз ҳисоботҳои оморӣ баровардани ин корхонаҳо ба Нозироти андоз дар ноҳия ва шуъбаи Агентии омор дар ноҳия мактуби расмӣ ирсол карда шуда, дар соли сипаригардида собиқ корхонаи оҳангудозии ҶДММ “Чжунда” аз ҳисоботҳои оморӣ хориҷ карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Дар  давоми cе моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби «Шабакаҳои барқии Ёвон»  126,38 млн. кВт.с неруи барқ қабул карда шудааст, ки аз ин 101,04 млн. кВт.с барқи фоиданок буда, 14,0 фоизро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобкардашуда 46 млн. 463,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 5 млн. 981,2 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 43 млн. 888 ҳазор сомонӣ ё ин ки 94,5 фоиз ва аз аҳолӣ 5 млн. 502,8 ҳазор сомонӣ ё худ, 92,0 фоиз ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳаҷми қарздорӣ аз ҳаққи истифодабарии неруи барқ, ки ҳамагӣ 52,98 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  10,7 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қарздорӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК «Тоҷикхимпром» (31,6 млн. сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ (15,2 млн. сомонӣ), «Хима Текстил» (877,6 ҳазор сомонӣ), аз аҳолӣ (3,3 млн. сомонӣ), корхонаи Обу канализатсия (408,1 ҳазор сомонӣ) ва корхонаи истеҳсолию сохтмонии оби нӯшокии деҳот (134 ҳазор сомонӣ) ба миён омадааст.

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 км-ро ташкил дода,  аз он 79,5 километрро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар давоми 3 моҳи соли 2021 аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия маблағи 440,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, муассисаи мазкур дар 0,03км таъмири асосӣ 104 км таъмири ҷорӣ гузаронида, бо мусоид гардидани вазъи обу ҳаво корҳои таъмириро идома медиҳад. Барои омодагии ҳамаҷониба ба фасли сармо ба миқдори 100 фоиз маводи зидди лағжиш захира гардида буд, ки дар фасли зимистони солҳои 2020-2021 истифода карда шуда, манъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин мавсим ба қайд гирифта нашуд.

Бояд зикр намуд, ки роҳҳои автомобилгарди ноҳия асосан солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта шуда, муҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст ва ба таъмири куллӣ ниёз доранд.

      Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, муассиси силсилакорхонаҳои ҶДММ “Ғаюр” - Акбар Асадулло 2,1 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳраки Ёвон (дар масоҳати 29530 м2), ба маблағи умумии 3,5 млн. сомонӣ мумфарш карда шуд.

            Ҳамзамон пули калонҳаҷми маркази ноҳия, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ  барқарор ва мавриди истифода қарор дода шуд. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пул 23 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳои сохтмонии пули мазкур ба маблағи беш аз 12 млн. сомонӣ ба анҷом расонида шуда, дар оянда корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома хоҳад ёфт.

            Ба истифода додани пули мошингузари кӯчаи ба номи Р. Раҷабов ва оғози марҳилаи дуюми корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилии шаҳраки Ёвон дар санаи 26 марти соли 2021 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси қаноатмандии тамоми сокинони ноҳия гардида, дар онҳо рӯҳияи ободкорию созандагиро боз ҳам баландтар бардошт. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия тасмим гирифта шуд, ки то истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳраки Ёвон мумфарш карда мешавад.

            Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани санги асоси бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузоштани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва дар оянда ободу зебо гардонидани шаҳраки Ёвон заминаи хеле қавӣ гузошта, дар ин самт масъулияти мутасадиёнро зиёдтар менамояд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо теъдоди иншооти бунёдшаванда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ноҳия 341 ададро ташкил медиҳад. Аз иншоотҳои банақшагирифташуда то ин ҷониб 301 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 88,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Иншооти баистифодадодашуда бо пуррагӣ ба ҳисоботҳои оморӣ ворид карда шудааст.

Дар давоми се моҳи соли равон дар шаҳраки Ёвон як муассисаи таълимии томактабии хусусӣ барои 315 нафар тарбиятгиранда ва як бинои нави таълимӣ иборат аз чор синфхона дар назди муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 сохта ба истифода дода шуд.

Қобили зикр аст, ки муассисаи таълимии томактабии хусусии “Ориёна”, ки барои 315 нафар тарбиятгирандагон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ сохта шудааст, санаи 26 марти соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман кушода шуд. Кормандони соҳаи маориф ва падару модарони тарбиятгирандагони муассисаи таълимии томактабии мазкур ин амали хайрро ҳамчун туҳфаи арзишмандтарини Пешвои муаззами миллат дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барояшон арзёбӣ намуданд.

Дар ин давра 412 нафар хонандагони синфҳои 5 - 11 дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, 36 нафари онҳо ба даври ҷумҳуривӣ роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбасти даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ 4 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд (ҷойи 2-юм: як нафар (аз фанни физика), ҷойи 3-юм: се нафар (аз фанҳои забони русӣ, забони тоҷикӣ ва ҳуқуқшиносӣ). Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5 - 10 дар давоми моҳи май баргузор мегардад.

Аз 2930 нафар хонандагони синфи 11 (духтарон: 1383 нафар) то имрӯз 2441 нафари онҳо (духтарон: 1046 нафар) бо мақсади дохил шудан ба макотиби олии кишвар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин баробари 75,6 фоизи хатмкунандагон мебошад. Ҳуҷҷатсупории хатмкунандагон идома дорад.

Дар 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 55 маркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2831 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 468 нафар зиёд буда, баробари 10,2 фоизи кӯдакони синни томактабӣ аст.

Дар ин давра ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ба маблағи қариб 4,3 млн. сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ворид карда шуд.

Дар 98 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусии соҳаи тандурустии ноҳия 1909 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин 248 нафар духтурон ва 1069 нафар кормандони миёна, 426 нафар кормандони хурд ва 169 нафар кормандони гуногун мебошанд.

Дар ин давра дар ноҳия 1516 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 37 нафар кам мебошад. Таваллуди хонагӣ 3 нафарро ташкил дода, нисбатан 4 нафар кам шудааст.

Ҳамагӣ 199 нафар вафот кардаанд, ки аз ин 158 нафар калонсолон, 41 нафар кӯдакону наврасони то ҳаждаҳсола ва 31 нафар кӯдакони то яксола мебошанд. Нишондоди фавт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 нафар кам аст.

Дар ин давра дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ 4195 нафар бистарӣ гардонида, 4110 нафар вазъи сиҳатии худро беҳтар гардониданд (иҷрои кат/рӯз: 68,4 фоиз).

Ба шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 12321 нафар беморон муроҷиат намудаанд, ки аз ин 9159 нафар бори аввал аст.

Ҳамагӣ 275 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 582 нафар кам аст.

Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия мутобиқи хулосаҳои дахлдор, муассисаҳо ва соҳибкороне, ки талаботи санитарӣ-эпидемиологиро риоя накардаанд, ба 104 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 15130 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо мақсади ҷавобгу набудан ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ фаъолияти 5 нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои хӯрока ва 2 нуқтаи хизматрасонӣ муваққатан то ислоҳи камбудиҳо боздошта шудаанд.

Алҳол аз шумораи умумии занони ноҳия, ки зиёда аз 121551 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, 22 нафар дар соҳаи хизмати давлатӣ ва 18622 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд ва 89 нафар, аз ҷумла 2 нафар (50 фоиз) вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 16 нафар (40 фоиз) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 71 нафар вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд, ки ин дар қиёс бо интихоботи гузашта 46 нафар зиёд аст. 

Дар ноҳия 42 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 кохи фарҳанг, 4 хонаи фарҳангӣ, 7 толори деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 26 китобхонаи деҳотӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона амал мекунанд, ки дар онҳо 116 нафар кормандон фаъолият доранд. Дар Кохи фарҳанги ноҳия ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон”, театри халқӣ, толори хониш, китобхонаҳои марказӣ ва бачагона амал мекунанд. 

Дар ҳама китобхонаи ноҳия алҳол 150 ҳазору 451 нусха китоб маҳфуз аст, ки аз ин 46413 нусха бо забони давлатӣ, 92056 нусха бо забонҳои русӣ ва 11982 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошад. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар китобхонаҳои оммавии ноҳия нишондиҳандаҳо чунинанд: хонандагон: 1307 нафар, омаду рафт: 5273 нафар, китобдиҳӣ: 6535 нусха.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ 75100 нафар аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30 сола мебошанд, ки аз ин 37100 нафар духтаронанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ноҳия 245 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаб, 1 варзишгоҳ, 37 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 197 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар деҳаи Даҳанаи деҳоти Даҳана 1 майдончаи варзишии болопӯшида бунёд гардида, дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон аз ҷониби намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба ҷавонони лаёқатманд 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо стипендияҳои Президентӣ, 5 нафар бо стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 60 нафар бо стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар бо стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шудаанд.

Бо ҷалби ҷавонону наврасон 276 чорабинӣ, аз ҷумла 69 чорабинии маърифатӣ ва суҳбату вохӯриҳо, 9 аксияи иттилоотӣ ва 169 мусобиқаи варзишӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо 21550 нафар ширкат варзиданд.   

Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори 17 медал, аз ҷумла 10 медали тилло, 4 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд.

Алҳол бо мақсади тарғиби захираҳои сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дар ноҳия 5 меҳмонхона, 6 тарабхона, осорхонаи кишваршиносӣ, 28 китобхонаи оммавӣ, 27 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 28 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ ва 2 нуқтаи фурӯши армуғонҳо фаъолият доранд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, сарбозони қисми низомии 6593, ятимони кулл ва қишри ниёзманди аҳолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 72480 сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.

Аз 176 ҷинояти дар ин давра бақайдгирифташуда (нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 79 ҳолат бештар) 94,4 фоизи онҳо ошкор гардидаанд. Ҳолатҳои кушодашавии ҷиноятҳо дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаригашта 1,9 фоиз кам шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони зафарманди он сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ (26.03.2021) барои худ воқеаи муҳим ва фараҳбахш ҳисобида, иҷрои фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дар оянда сармашқи кори худ гардонида, ҷиҳати иҷрои пурраи онҳо аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода хоҳанд бурд. Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия ва сохторҳои марбутаи он кӯшиш менамоянд, то қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ намуда, ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гиранд