Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Ғалаба бар фашизм- тантанаи сулҳ дар ҷаҳон буд.
Дар ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷанги ватании солҳои 1941-1945 қариб 2500 нафар ҷавонони ёвонӣ иштирок карда, беш аз 1000 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Аз шумораи зиёда аз 1000 нафаре, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ 1 нафари онҳо дар қайди ҳаёт мондааст, ки бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола аз деҳаи Озодии деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад. Дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ намояндагони Дастгоҳи Президенти ҶТ ва раиси вилояти Хатлон бо мушояати раиси ноҳияи Ёвон ба манзили бобои Хуҷа омада, салому паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро якҷо туҳфаҳои молиявӣ ба ин муҳофизи шуҷои Ватан тақдим намуданд.


