Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон дар давоми нуҳ моҳи соли 2021
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 млрд. 352 млн. 815,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 252 млн. 527,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 343 млн. 368,1 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 9 млн. 447,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба миқдори 225 млн. 379,4 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Дар ин давра музди миёнаи кор 1425,00 сомониро ташкил дод.
Иҷрои буҷет
Нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 109,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 211 млн. 400,6 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 232 млн. 47,8 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 20 млн. 647,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра 4 намуди андозҳо иҷро нагардид: аз арзиши иловашуда (51,0 фоиз), иҷтимоӣ (85,2 фоиз), аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (84,9 фоиз), аз даромад (85,1 фоиз).
Нақшаи даромади буҷети ноҳия ба қадри 113,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 183 млн. 806,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети ноҳия 208 млн. 537,6 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 24 млн. 731,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба қадри 99,0 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нуҳмоҳаи соли равон 109 млн. 612 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, аз ҳисоби буҷет 108 млн. 232,7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 98 фоиз, маориф 99 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 100 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 97 фоиз, фарҳанг 99 фоиз ва кишоварзӣ 90 фоиз.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 5,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ кам гардидааст.
Мушкилот:
- бо назардошти шумораи зиёди аҳолии ноҳия (бештар аз 243,0 ҳазор нафар; аз ҳисоби шумораи аҳолӣ ҷойи дуюм дар вилояти Хатлон), аз ҳама зиёд ҷамъоварӣ намудани маблағи андозҳои солона дар сатҳи вилояти Хатлон (қариб 400,0 млн. сомонӣ), инчунин, ба роҳ мондани назорати доимӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷаи ноҳиявию вилоятӣ, бо мақсади андешидани чораҳои махсус барои дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва мутобиқсозии фаъолияти соҳибкорон, ҳамзамон, ҷалби сармояи инвеститсионии хориҷӣ ва дохилӣ зарурати ҷудо кардани воҳиди кории муовини соҳавии раиси ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба миён омадааст;
-бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти саноаткунонии босуръати кишвар, бо инобати ноҳияи Ёвон ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтан ва ҳаҷми зиёди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва баландшавии суръати корҳои васлкунӣ-сохтмонӣ, зарурати табдил додани бахши сохтмон ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба шуъбаи дахлдор ба миён омада, зиёд намудани воҳидҳои корӣ дар шуъбаи мазкур хелел зарур аст.
Хизматрасонии пулакӣ ва савдо
Хизматрасонии пулакӣ 109,1 млн. сомониро ташкил дода, нисбатан 2,2 млн. сомонӣ бештар гардидааст. Муомилоти мол ба 361,3 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,5 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Кишоварзӣ
Дар ин давра 64 хоҷагии ёрирасони корхонаҳои кишоварзӣ, 71 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ, 4524 хоҷагии деҳқонӣ (аз он 2037 хоҷагии пахтакор) фаъолият намуданд.
Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 22483 гектар кишти зироат гузаронида шудааст, ки ин баробари 100,0 фоизи нақша мебошад.
Аз майдонҳои кишти имсола 6610 га ғалла ва лӯбиёгиҳо, 5688 га гандум, 421 га ҷуворимаккаи дон, 386 га ҷав, 115 га дигар намуди ғалладонагиҳо, 321,0 га картошка, 1742 га сабзавот, 1095 га полезӣ, 11057 га зироатҳои техникӣ, аз он 10487 га пахта ва 1222 га зироатҳои хӯроки чорво, аз он 668 га юнучқа мебошад.
Ҳосилнокии ғалладонагиҳо ба ҳисоби миёна 35,5 сентнерро ташкил дода, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд гаштааст.
Ҳамчунин, 4604 тонна ё 105,0 фоиз хошоки дурушт захира шудааст, ки ин нисбатан 530 тонна зиёд аст, инчунин, то ин давра 4874 тонна хӯроки ширадор захира шудааст, ки ин баробари 100,4 фоизи дурнамо мебошад. Хоҷагидорон то имрӯз 13935,8 тонна пахта (бо вазни холис) ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин баробари 55,9 фоизи дурнамо буда, ҳосили бадастомада ба ҳар як гектар 13,3-сентнерӣ рост меояд. Ҳосили ҷамъоваришуда ба нуқтаҳои қабули корхонаҳои коркарди пахта супорида шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Дар майдони 8984 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 5370 га ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 3614 га ба бахши аҳолӣ тааллуқ дорад.
Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 46644,9 тонна ғалла (бо ҷуворимаккаи дон), 77422,1 тонна сабзавот, 42210,3 тонна полезиҳо, 10324,0 тонна пахта, 10086,2 тонна мевагиҳо ва 9365 тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо ёрии соҳибкорон ба хориҷи кишвар 4700 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи солонаро ба андозаи 104 фоиз иҷро намуданд.
Алҳол дар ноҳия ҳамагӣ 646 га боғ ва 794 га токзорҳои мевадиҳанда мавҷуд аст ва дар майдони 1,8 га хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.
Шумораи чорвои калон 97549 сар (аз он 48864 сар модагов), бузу гӯсфанд 182612 сар, паранда 379808 сар, асп 6256 сар, занбӯри асал 4428 оиларо ташкил медиҳад. То имрӯз 1099 сар гӯсола ва 4483 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 сар гӯсола ва 26 сар барраю бузғола зиёд мебошад.
Истеҳсоли гӯшт (бо вазни зинда) 9189,2 тонна, шир 23109,8 тонна, тухм 6 млн. 475,7 ҳазор дона, асал 65,8 тонна ва пашм 231,0 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1670,5 тонна гӯшт, 602,0 тонна шир, 617,8 ҳазор тухм, 2,7 тонна асал ва 8,8 тонна пашм зиёд мебошад.
Айни замон майдони 823 га қитъаи замин шудгор гардида, дар 477 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 252 га сабзавот (аз ҷумла 176 га пиёз, 38 га сабзӣ, 22 га карам, 16 га дигар сабзавотҳо) ва 225 га юнучқа мебошад.
Мушкилот:
- аз сабаби куҳнаву фарсуда будани пойгоҳҳои обкашӣ дар баъзе мавзеъҳои деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ва Норин, деҳаҳои Калфи Сабад, Чойхона ва Фурқати деҳоти Ситораи Сурх саривақт бо оби полезӣ таъмин намебошанд;
-таъмин набудани тухмиҳои аълосифати соҳаи кишоварзӣ;
-баланд будани фоизи қарз аз бонкҳо.
Саноат ва энергетика
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 343,4 млн. сомонӣ (120,2 %) расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 225,4 млн. сомонӣзиёд мебошад.
Аз 44 корхонаи саноатии мавҷуда 31-тои он фаъолият доштанд. Дар ин давра, ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ, бо сабабҳои гуногун 8 корхонаю коргоҳ фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд, ки ин ҳолат солҳои тўлонӣ барои ин корхонаҳо вуҷуд дорад ва ҷиҳати аз ҳисоботи оморӣ хориҷ кардани онҳо ба нозироти андоз ва шуъбаи омор мактубҳои расмӣ ирсол карда шудааст.
Дар ин муддат коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарии ҶДММ “Ваҳдат Текстайл” (дорои 21 ҷойи кори доимӣ), бо иқтидори истеҳсоли 5 млн. ҷуфт дастпӯшак дар як сол ба истифода дода шуд. Коргоҳи мазкур дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 107 ҳазор ҷуфт дастпӯшак истеҳсол намудааст. Ҳамчунин, дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ 11 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла чор коргоҳи истеҳсоли нон, як коргоҳи истеҳсоли орд, се коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва се коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ дорои 35 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шуданд.
Аз ҷониби «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Ёвон» 417,08 млн. кВт.с неруи барқ қабул карда шудааст, ки аз ин 347,9 млн. кВт.с барқи фоиданок буда, 16,5 фоизро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобкардашуда 138 млн. 336,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 14 млн. 812,0 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 129 млн. 419,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 93,6 фоиз ва аз аҳолӣ 14 млн. 255,9 ҳазор сомонӣ ё худ, 96,2 фоиз ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳаҷми қарздорӣ аз ҳаққи истифодабарии неруи барқ, ки ҳамагӣ 59,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 12,2 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қарздорӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК «Тоҷикхимпром» (33,5 млн. сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ (20,1 млн. сомонӣ), «Хима Текстил» (1 млн. 73 ҳазор сомонӣ), аз аҳолӣ (3,4 млн. сомонӣ), корхонаи обу канализатсия (418,8 ҳазор сомонӣ) ва корхонаи истеҳсолию сохтмонии оби нӯшокии деҳот (134,0 ҳазор сомонӣ) ба миён омадааст.
Бо мақсади истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ амри дахлдори раиси ноҳияи Ёвон қабул гардида, ба ҳар як хонаводаи ҳудуди ноҳия (наздики 33000) муроҷиатнома дастрас гардонида шуд ва бо мақсади иҷрои муқаррароти он гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Дар корхонаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Ёвон» ҷиҳати омода намудани шабакаҳои барқи ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 нақшаи чорабиниҳо иборат аз 7 банд таҳия гардида, ба ҳолати 1 октябри соли 2021 иҷрои 5 банди он бо пуррагӣ таъмин карда шудаааст, иҷрои 2 банди нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ба пояҳои оҳану бетонӣ ба қадри 37,5 фоиз ва рехтани 5 тонна равғани иловагӣ дар зеристгоҳҳои 35/10-6кВ ва ИТ-10/6-04кВ ба қадри 0,6 тонна иҷро кардидааст.
Мушкилот
-дар баъзе аз деҳаҳо симчӯбҳои муҳлати истифодаашон гузашта бояд иваз карда шаванд.
-дастрас ва насб намудани трансформатори иқтидораш 40 ҳазор кВТ, ки аз тарафи соҳибкорони ноҳия харид гардида, дар сарҳади Чин ва Қирғизистон муддати тўлонӣ банд гаштааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Ҳаҷми иҷрои сармоягузориҳо ҳамагӣ 93 млн. 801,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбатан 64 млн. 5,3 ҳазор сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 13 млн. 287,8 ҳазор сомонӣ иҷро шудаааст, ки ин нисбатан 2 млн. 678,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Фондҳои асосӣ ба маблағи 90 млн. 483,3 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 млн. 685 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар масоҳати 44341 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 18723 метри мураббаъ бештар мебошад.
Иҷрои корҳои бинокорию васлгарӣ ба 88 млн. 645,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбатан 65 млн. 637,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Нақлиёт ва алоқа
Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 км-ро ташкил дода, аз он 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1 млн. 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, муассисаи мазкур дар 0,03 км таъмири асосӣ ва 276 км таъмири ҷорӣ гузаронида, 2 пул ва 2 қубури зери роҳро таъмир намудааст. Барои омодагии ҳамаҷониба ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба миқдори 1120 м3 (101 %) маводи зидди лағжиш, 3 тонна ангишт (100 %), 6 м3 ҳезум ва 3000 литр сӯзишвории дизелӣ (100 %) захира карда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки роҳҳои автомобилгарди ноҳия асосан солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта шуда, муҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст ва ба таъмири куллӣ ниёз доранд.
Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, муассиси силсилакорхонаҳои ҶДММ “Ғаюр” Акбар Асадулло 2,1 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳраки Ёвон дар масоҳати 29530 м2, ба маблағи умумии 3,5 млн. сомонӣ мумфарш карда шуд. Илова бар ин, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаи Пахтакор-2 аз деҳоти Норин ба масофаи 1950 метр ба маблағи 6,4 ҳазор сомонӣ сангфарш, бо истифодаи асфалти гарм роҳи деҳаи Парчасой аз деҳоти Обшорон ба масофаи 1,6 км ба маблағи 1 млн. сомонӣ мумфарш, дар деҳаи Алишер Навойӣ аз шаҳраки Ҳаёти Нав 550 метр роҳ ба маблагӣ 192,5 ҳазор сомонӣ мумфарш ва дар ҳамин деҳа ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ, дар кӯчаи ба номи Ҷалолиддин Бобиеви шаҳраки Ёвон масофаи 600 метр мумфарш карда, масофаи 900 метр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда, 4 пули автомобилгард дар роҳҳои байнидеҳавии деҳоти Норин ба маблағи умумии 166 ҳазор сомонӣ таҷдиду азанавсозӣ шуданд.
Пули калонҳаҷми маркази ноҳия, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ барқарор ва бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пул 23 млн. сомониро ташкил медиҳад. Алҳол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар иншооти мазкур идома доранд.
Ҳаҷми боркашонӣ ба 1185 ҳаз. тонна (100,8 %), гардиши боркашонӣ ба 68194 ҳаз. тонна/км (113,4,2 %) ва мусофиркашонӣ ба 3283,8 ҳаз. нафар (132,9 %), гардиши мусофиркашонӣ ба 54000 ҳаз. нафар/км (110,1 %) баробар гардид.
Шумораи аҳолие, ки аз алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, зиёда аз 70 ҳазорро ташкил медиҳад ва зиёда аз 100 нафар сокинони ноҳия истифодабарандаи фаъоли Интернет дар провайдери оператори миллӣ мебошанд.
Мушкилот
-79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар шоҳроҳҳои Рўдакӣ-Ёвон ва Ҷомӣ-Сарбанд ба таъмири куллӣ ниёз дошта, беш аз ним аср аст, ки таъмири асосӣ нашудаанд;
-муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба 3 адад техникаи иловагӣ ниёз дорад;
-зиёда аз 6,75 км роҳҳои дохилии шаҳраки Ёвон ниёз ба таъмири асосӣ (аз ҳисоби соҳибкорон) доранд.
Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ёвон 1853 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 620 нафар занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 1311 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 787 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар ин давра 12 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 1468 ҷойи корӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 152 корхона ва 2878 корҷӯй иштирок намуданд ва 206 нафар бо ҷойҳои кории доимию муваққатӣ таъмин шуданд, ки аз ин 113 нафарро занон ташкил медиҳанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 45 нафар ба маблағи 164500 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандон ба 1425,00 сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 189,17 сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиш 105,7 фоизро ташкил медиҳад.
Қарзи музди меҳнат ба ҳолати 01.09.2021 маблағи 3 млн. 241620,00 сомонӣ боқӣ монда, аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК “Тоҷикхимпром” ба маблағи 249335,0 сомонӣ ва ҶДММ “Талко Кемикал” 2 млн. 992285,00 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи пурсиши хонаводагӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарордошта 10158 нафарро ташкил медиҳад, аз ин 9709 нафар мард ва 449 нафар занонанд. Шумораи муҳоҷирони экологии бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъминшуда 29 хоҷагиро ташкил медиҳад.
Мушкилот
-дар корхонаҳои бахши хусусӣ қарзи музди меҳнат ба маблағи 3 млн. 241620,00 сомонӣ боқӣ мондааст.
Тадбирҳои амалигардида ба истиқболи
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи Нақшаи чорабиниҳо теъдоди иншооти бунёдшаванда дар ноҳия 341 ададро ташкил дода, дар асл 361 иншоот ба истифода дода шуд, ки ин баробари 105,8 фоиз мебошад. Иншооти баистифодадодашуда бо пуррагӣ ба ҳисоботҳои оморӣ ворид карда шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, № 510 то ҷашни мазкур таъмир ва азнавсозии бинои асосии беморхонаи марказии нохия (банди 137) ва барқарорсозии бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон (банди 138) ба нақша гирифта шуда буд.
Бо мақсади марҳила ба марҳила ба анҷом расонидани сохтмони комплекси нотамоми беморхонаи марказии ноҳия, ки сохтмонаш соли 1978 оғоз гардида, нотамом мондааст, ҷудо намудани 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта, то соли 2019 маҷмӯан 15,4 миллион сомонӣ ва дар давоми соли 2020 4,1 миллион сомонӣ, ҷамъ 19,5 млн сомонӣ ҷудо гардида, марҳила ба марҳила қисматҳои комплекси мазкур азнавсозӣ шуданд. Дар заминаи комплекси нотамом моҳи марти соли ҷорӣ шуъбаҳои қабул, қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода гирифтанд.
Барои беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби ошомиданӣ аз семоҳаи сеюми соли 2016 инҷониб Лоиҳаи нави таъминоти оби нӯшокӣ бо маблағи 6,025 млн. доллари ИМА (60 фоизи он маблағи грантӣ) татбиқ гардида истодааст. Дар доираи амалисозии Лоиҳа ба КДФ “Обу ташноб ва гармидиҳӣ” 7 техника, аз ҷумла, 1 мошини махсуси бартарафсозии садамаҳои хатҳои обгузар, 1 мошини ахлоткашонии тамғаи КО-503, 1 мошини қубуртозакунандаи тамғаи КО-514, 1 мошини борбардори иқтидораш 3,5 тонна, 1 микроавтобуси дорои 11 ҷойи нишаст, 1 экскаватори тамғаи ХН 90-9Х, 1 трактори МТЗ-80 бо ядакаш ва се адад механизмҳо (1 дастгоҳи сайёри Компрессор, 1 Агрегати кафшергарӣ ва 1 дастгоҳ барои буридани мумфаршҳо (фреза) ворид гардида, татбиқи лоиҳаи мазкур идома ёфта истодааст.
Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия Лоиҳаи инвеститсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардида, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ ёфтааст, амалӣ гардида истодааст. Татбиқи Лоиҳаи мазкур 4 млн. доллари Амрикоро дар бар гирифта, аз ин 2 млн. доллар грант ва 2 млн. доллар қарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад. Дар доираи татбиқи Лоиҳа 7 озмун баргузор гардида, тибқи қарордодҳо 6 нақлиёти партовкашонӣ, 2 механизм (1 булдозер ва 1 нақлиёти борбардор (мехлопата), 100 қуттии партови сарпӯшдор, 277 қуттии партови бесарпӯш харидорӣ ва ба тавозуни раёсати комуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон гузаронида шуда, рӯзҳои наздик харидории мошинҳои махсусгардонидашуда ба анҷом мерасад.
Имрӯзҳо корҳо дар сохтмони партовгоҳи нав, гӯронидани партовгоҳи амалкунанда, сохтмони нуқтаҳои партовпартоӣ ва аз нав барқароркунии идораи раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон идома доранд.
Дар сурати бо пуррагӣ амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур, ки соли 2021 дар назар дошта шудааст, сифати хизматрасонии коммуналӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Зимистонгузаронӣ
Тибқи қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 14 майи соли 2021, № 990 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудаст.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳиявӣ низ дар асоси қарори мазкур қарор ва фармоишҳои худро қабул намуда, омодагиҳоро ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 идома дода истодаанд.
Барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт 27 нуқтаи фурӯши ангишт ва 30 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд, ҳамчунин, ин мавод дар фасли тирамоҳ аз ҷониби соҳибкорони алоҳида тариқи сайёр (мошинҳо) ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли сармои солҳои 2021-2022 ба соҳаи маориф ҷудо намудани 1085311 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 48 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ карда, ба ҳолати 01.10.2021 ба соҳаи маориф 982546 сомонӣ (91 %), соҳаи тандурустӣ 48000 сомонӣ (100 %) маблағгузорӣ карда шудааст.
Ба ҳолати 01.10.2021 дар муассисаҳои соҳаи маориф, бо назардошти 250 тонна бақияи ангишти соли гузашта, 1008 тонна ангишт (90 %), 1370 м3 ҳезум (100 %) ба миқдори 6840 литр сӯзишвории дизелӣ (100 %); дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 48 тонна ангишт (100 %), 38 м3 ҳезум (100 %), 600 литр сӯзишвории дизелӣ (100 %), захира карда шуда, имрӯз захираи маводҳо идома дорад.
Дар соҳаи роҳдорӣ то ин ҷониб ба миқдори 1120 м3 маводи зидди лағжиш (101 %), 3 тонна ангишт (100 %), 6 м3 ҳезум (100 %), 3000 литр сӯзишвории дизелӣ (100 %) захира ва 9 техникаи соҳавӣ омода карда шудааст.
Ба ҳолати 01.10.2021 дар анборҳои бозори марказӣ ба миқдори 54 тонна картошка, 24 тонна пиёз, 60 тонна орд, 10,7 тонна каду, 5,2 тонна лӯбиёгиҳо, 23 тонна сабзӣ, 6,1 тонна гандум ва дигар маводҳои ғизоӣ захира гардидааст.
Дар соҳаи чорводорӣ ба ҳолати 01.10.2021 ба миқдори 45604 тонна хошоки дурушт (105 %), 4874 тонна хӯроки ширадори чорво (100,4 %) захира карда шуда, ҳоло захираи маводҳо идома дорад.
Таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон ва деҳоти атрофи он аз ҷониби корхонаи давлатии фаръии «Обу канализатсия ва гармидиҳӣ»-и ноҳия ба сомон расонида шуда, аз ҷониби корхонаи мазкур чоҳҳои обҳои ташнобгузар тоза ва таъмир гардида, қубурҳои обу ташноб қисман таъмир ва иваз карда шудааст. Дар анбори корхона барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ба миқдори 5 м3 ҳезум, 30 кг кислород, 20 кг газ (пропан), 20 кг электрод, ки 60 фоизии нақшаро ташкил медиҳанд ва 2 тонна хокаи хлор (40 фоиз) захира карда шудааст. Дар доираи татбиқи Лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ба шаҳраки Ёвон, бо мақсади сарфаҷӯии об ва маблағҳои аҳолию соҳаи буҷетӣ, 3000 обҳисобкунак, аз ҷумла 20 адад дар корхонаҳои соҳаи буҷетӣ насб гардидаанд.
Бартараф намудани оқибати офати табиӣ
Дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзҳои 11 ва 13 майи соли 2021 ба хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла дар деҳаҳои Қайнама, Санҷитак, Даштобод ва Оби Мӯкии деҳоти Обшорон ва деҳаҳои Навобод, Рӯдакӣ, Пахтакор, Фурқат ва Чӯпонободи деҳоти Ситораи Сурх зарари молию иқтисодӣ расид.
Аз тарафи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия муайян карда шуд, ки ба 426 манзили истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон селоба ва лойқа даромада, дар натиҷа қисме аз молу амвол ва ҳуҷҷатҳи сокинон, аз ҷумла шаҳодатнома, шиноснома расидҳои барқӣ, расидҳои андоз несту нобуд шудаанд, 3 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Санҷитак пурра аз байн рафта буд, ки маблағи зарари онҳо 317042 сомониро ташкил медод. Маблағи умумии зарари ба манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон расида 1 милиону 522 хазору 220 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар натиҷаи ин ҳодиса 5 км 450 метр роҳҳои нақлиёти аҳамияти маҳаллидошта ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ, 7 км 805 метр хатҳои обёрӣ ва каналҳо ба маблағи 85 ҳазору 864 сомонӣ, 60 метр ноқили А 36-и хатҳои интиқоли барқ ва як трансформатори № 158, ноқили барқи баландшиддати тамғаи АПВБВ 3 х 240 10 кв бо дарозии 18 метр ба маблағи 5794, сомонӣ, 190 га кишти зироатҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи 2 млн. 72 хазор сомонӣ (аз он ҷумла 111 га пахта ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ ва 79 га гандум ба маблағи 2 миллиону сад сомонӣ) зарар дида, 206 сар чорво (185 сар чорвои майда ва 21 сар гов) ба маблағи умумии 292000 талаф ёфт.
Тибқи маълумоти Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия бар асари офати мазкур ба хоҷагии халқи ноҳия ба маблағи умумии 4 миллиону 26 ҳазору 120 сомонӣ зарари молию иқтисодӣ расидааст.
Бо ҷалби техника ва қувваи корӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия селроҳа, дохили манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии сокинони аз офати табиӣ зиёндида аз обу лой тоза ва аҳолии деҳаҳои мазкур рӯзҳои аввали пас аз офати табиӣ бо се вақт хӯроки гарм таъмин гардиданд.
Дар доираи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои се оила аз деҳаи Санҷитаки деҳоти Обшорон (Шакарова М., Солиев М. ва Рустамов Н.), ки хонаҳояшон куллан вайрон гардида буданд, манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд карда, пурра бо ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия ба соҳибонашон супорида шуд.
Ба дигар сокинони зарардида аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 15 ҳазор дона хишти сементӣ, аз ҷониби соҳибкор Ҷурахонов Баҳриддин ба миқдори 45 ҳазор сомонӣ маблағи нақд, 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 30 тонна семент, аз ҷониби сафорати кишвари Туркия дар Тоҷикистон маҳсулотҳои сохтмонӣ аз қабили семент, арматура ва хишти пухта ба маблағи умумии 20 ҳазор доллари ИМА кумак расонида шуд.
Маориф ва илм
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 72, 59, 69, 53, 28, 24 ва 17 чор бинои иловагӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 31 синфхона бо 775 ҷойни нишаст), муассисаи томактабии хусусии “Ориёна” (барои 315 нафар кӯдакон) сохта ба истифода дода шуд. Алҳол дар назди МТМУ № 77 барои 75 нафар 3 синфхона ва дар деҳаи навбунёди Гулистон-3-и деҳоти Даҳана 1 бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 200 нафар хонанда бунёд гардида истодааст.
Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамагӣ 3768 нафар ва дар даври ноҳиявӣ 503 нафар ғолибони даври якум ширкат варзида, 65 нафари ғолибони даври дуюм ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври мактабии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” 2044 нафар, аз ҷумла 2008 нафар хонандагон ва 36 нафар омӯзгорон ширкат варзида, 702 нафари онҳо барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат ёфтанд.
Дар соли таҳсили гузашта 412 нафар хонандагони синфҳои 5-11 дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, 69 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ 18 нафар ғолиб омаданд, ки аз ин 8 нафар аз МТМУ № 80, 3 нафар аз МТМУ № 1, 2 нафар аз МТМУ № 75, 1 нафар аз МТМУ № 58, 1 нафар аз МТМУ № 57, 1 нафар аз МТМУ № 4 ва 1 нафар аз литсейи давлатии № 1 мебошанд. Аз 18 нафар ғолибон 4 нафари онҳо хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии рақамҳои 80 (2 нафар, аз фанҳои ҳуқуқ ва забони русӣ- ҳарду ҷои сеюм), № 58 (1 нафар аз фанни физика) ва аз МТМУ № 57 (1 нафар аз фанни забони тоҷикӣ) ҳастанд.
Дар олимпиадаҳои фосилавии Архимед ва Эмас 14 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 75, 2, 1 ва 72 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаи фосилавии “Кенгуру” бошад, 60 нафар хонандагони мо ширкат варзидаанд, ки он алҳол ҷамъбаст карда нашудааст.
Пас аз анҷоми соли таҳсили 2020-2021 аз 2930 нафар хатмкардагони синфи 11 (аз ҷумла 1383 нафар духтарон) 2659 нафар (духтарон- 1141 нафар) барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба ММТ ҳуҷҷат супориданд, ки ин баробари 90,75 фоиз мебошад (духтарон: 82,5 фоиз).
Ҳоло дар 8 муассисаи томактабии ноҳия 2831 нафар кӯдакони то 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 468 нафар зиёд буда, баробари 10,2 фоизи кӯдакони синни томактабӣ мебошад.
Мушкилот:
- норасоии синфхонаҳои иловагӣ ва ҷойҳои нишаст;
- бинои алоҳида надоштани марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ.
Тандурустӣ ва кор бо занон
Дар 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусии соҳаи тандурустии ноҳия 1889 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин 244 духтур ва 1055 нафар кормандони миёна, 417 нафар кормандони хурд ва 172 нафар кормандони гуногун мебошанд.
Бо мақсади марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани биноҳои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 18 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо истифода аз ин маблағҳо дар заминаи комплекси нотамоми беморхонаи ноҳия барои шуъбаҳои қабул, қалб, шикастабандӣ-осеббардорӣ бинои дуошёна омода гардида, рӯзи 26 марти соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҳисоби буҷаи маҳал барои азнавсозӣ кардани намои берунаи бинои асосии беморхонаи марказӣ 2,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 1,5 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо истифода аз ин маблағҳо дар самти мазкур корҳо оғоз гардида, алҳол бо маром идома ёфта истодаанд.
Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар давоми нимсолаи якуми соли равон ба беморхонаи марказии ноҳия дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз қабили “Автоклав”, монитори наздикатӣ, дастгоҳи табобати устухон, оксигенератор, катҳои осебдармонӣ, ЭКГ, ИВЛ, дастгоҳи рентгении “Диамонд-6А” ва ғайраҳо ба маблағи зиёда аз 4,5 млн. сомонӣ, инчунин, бо мақсади мусоидат дар пешгирии бемории коронавирус аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия комбинезон, либосҳо ва айнакҳои муҳофизатӣ ба маблағи зиёда аз 25000 сомонӣ ва бо саҳми худи беморхонаи марказӣ либосу таҷҳизоти махсус ба маблағи 32000 сомонӣ ворид карда шуданд.
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҳаштуми Марти шаҳраки Ҳаёти Нав бинои нави бунгоҳи тиббӣ сохта бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Ҳоло бо саҳми маҳал корҳои сохтмонии биноҳои нави маркази саломатӣ дар деҳаи Ҳамзаи шаҳраки Ҳаёти Нав, маркази саломатӣ дар деҳаи Фурқати деҳоти Ситораи Сурх ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Оби Мӯкӣ-1 аз деҳоти Обшорон идома дошта, то охири соли равон ба анҷом расонида мешаванд.
Дар муддати сипаригаштаи соли 2021 дар ноҳия 5061 кӯдак ба дунё омадааст (нисбатан: 381 нафар кам), ки аз ин 20 ҳолат (0,4 фоиз) ба таваллуди хонагӣ рост меояд.
Нишондиҳандаи фавт ба 727 нафар баробар гардид (нисбатан: 42 нафар зиёд), ки аз ин 614 нафар калонсолон ва 113 нафарро кӯдакону наврасони то 18-сола ташкил медиҳанд (кӯдакони то 1-сола: 75 нафар).
Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шуъбаҳои беморхона 15351 нафар беморон бистарӣ гардонида, 15217 нафари онҳо пас аз беҳтар намудани вазъи сиҳатияшон мураххас шудаанд.
Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 600 ба 2729 нафар хизматрасонӣ кардааст, ки маблағи умумии он 31884 сомонӣ ва малағи муоинаҳои тиббии шаҳрвандон (7485 нафар) 157716 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин давра ба 160 нафар шахсони имтиёздошта ба таври ройгон хизмат расонида, 364 нафар ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудааст.
Дар ин давра ҳамагӣ 1070 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 214 нафар кам аст.
Алҳол аз шумораи умумии занони ноҳия, ки зиёда аз 121551 нафарро ташкил медиҳад, 1081 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 23083 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.
Бо мусоидати Маркази таълимии калонсолон ва шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 228 нафар, инчунин, дар гурӯҳҳои худмаблағгузор 66 занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳоло 89 нафар, аз ҷумла 2 нафар (50 фоиз) вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 16 нафар (40 фоиз) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 71 нафар вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд, ки ин дар қиёс бо интихоботи гузашта 46 нафар зиёд аст.
Мушкилот:
- сохтмони комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ;
- норасоии нақлиёти ёрии таъҷилӣ;
- норасоии маблағҳо барои харидани доруворӣ.
Фарҳанг
Айни замон дар ноҳия 39 муассисаи фарҳангӣ (1 Кохи фарҳанги ноҳиявӣ, 2 хонаи фарҳангии деҳотӣ, 28 китобхона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 осорхонаи кишваршиносӣ, 1 театри халқӣ, 1 ансамбли тарона ва рақс, 3 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 1 кинотеатр) мавҷуд буда, ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ мерасонанд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии Кохи фарҳанги ноҳия аз ҳисоби буҷаи маҳал 351665 сомонӣ ҷудо гардида, бо истифода аз ин маблағҳо таҷҳизоти мусиқӣ ва монитори электронии калонҳаҷм харида шуд.
Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, ки рӯзи 1 июн дар Кохи фарҳанги ноҳия баргузор карда шуд, 60 нафар довталабон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, ва композиторӣ (оҳангсозӣ) ширкат варзида, тибқи хулосаи ҳакамон 44 нафари онҳо ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи қарори дахлдори раиси ноҳияи Ёвон аз 29 апрели соли 2021, № 859 барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 42000 сомонӣ ҷудо намудааст.
Дастаи ҳаваскорони ноҳия дар даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” ғолиб омад ва дар даври ҷумҳуриявии Фестивали мазкур бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷойи 2-юм гардид.
Ҳунармандони Ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон” ва Театри халқии ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо ҳаваскорон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ, хусусан, дар доираи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 чорабинии фарҳангӣ ва намоишҳои театрӣ таҳия намуда, манзури сокинон ва меҳмонони ноҳия гардониданд.
Бо мақсади муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия дар сомонаи интернетии соҳаи сайёҳии ноҳия мунтазам маводҳо ба нашр расонида мешаванд.
Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии шабакаи аввал (ТВТ) 100 фоиз, «Сафина» (ТВС) 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 97,8 фоиз ва «Баҳористон» 89 фоизро ташкил дода, 1 шабакаи барномаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, радиои “Фарҳанг” ва радиои Садои Душанбе дар истифодаи аҳолӣ қарор доранд.
Мушкилот:
-биноҳои якчанд муассисаҳои фарҳангии деҳотӣ таъмирталаб мебошанд;
-осорхонаи ноҳиявӣ ба бинои алоҳида ниёз дорад.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ 75100 нафар аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30 сола мебошанд, ки аз ин 37100 нафар духтаронанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2021-2022 тибқи натиҷаи озмунҳо 82 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани стипендияҳои Президентӣ, 5 нафар стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 80 нафар стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мушарраф гардиданд.
Бо ҷалби ҷавонону наврасон 521 чорабинӣ, аз ҷумла 182 чорабинии маърифатӣ ва суҳбату вохӯриҳо, 26 аксияи иттилоотӣ, 312 мусобиқаи варзишӣ ва 38 машқи пагоҳирӯзӣ баргузор карда шуданд.
Айни замон дар ноҳия 249 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаб, 1 варзишгоҳ, 38 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 200 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд. Дар ин давра бо саҳми соҳибкорон дар ноҳия 1 толори варзишӣ, 5 майдончаи футбол ва 1 майдончаи волейбол бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори 79 медал, аз ҷумла 20 медали тилло, 18 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ гардиданд.
Алҳол бо мақсади тарғиби захираҳои сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дар ноҳия 5 меҳмонхона, 6 тарабхона, осорхонаи кишваршиносӣ, 28 китобхонаи оммавӣ, 27 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 28 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ ва 2 нуқтаи фурӯши армуғонҳо фаъолият доранд.
Соли 2019 дар шаҳраки Ёвон Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода, харита ва хатсайри сайёҳӣ таҳия ва дар ҷойҳои мувофиқ насб карда шуданд. Имкониятҳои сайёҳӣ дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам интишор меёбанд.
Шумораи умумии сайёҳоне, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия дидан менамоянд, сол аз сол зиёд гардида, дар давоми солҳои 2020 ва 2021 2660 нафарро ташкил дод, ки аз он 427 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 1955 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд.
Мушкилот:
- дар ноҳия маркази ҷавонон мавҷуд нест.
Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим
Мувофиқи ҳисоботҳои омории комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин давра дар ноҳия 1820 тӯйи домодию арӯсӣ (+376), инчунин, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, яъне бе забҳи чорво ва оростани дастурхон 114 маросими чил (+15) ва 93 маросими сол (+19) баргузор шуда, 5 ҳолати вайрон гардидани талаботи Қонуни болозикр ба қайд гирифта шудааст (+2).
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба мактаб-интернат, хонаи пиронсолон, маркази минтақавии “Умед”, қисми низомии 6593 ва қишри ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорон, пирони барҷомонда, ятимону маъюбон, инчунин, табибон ба маблағи умумии зиёда аз 2 млн. сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.
Дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷиди ҷомеъ ва 164 масҷиди панҷвақта амал дошта, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомоти марбута қарор дорад.
Вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ
Аз 371 ҷинояти дар ин давра бақайдгирифташуда (нисбатан: 79 ҳолат бештар) 89,3 фоизи онҳо ошкор гардидаанд. Ҳолатҳои кушодашавии ҷиноятҳо дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаригашта 3 фоиз камтар мебошад.
Муроҷиати шаҳрвандон ва коргузорӣ
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 3466 шаҳрвандон тариқи хаттӣ муроҷиат намудаанд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 6-то ба воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 86-то ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-то ба воситаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 3390-тои он (97,8 фоиз) баррасӣ гардида, 76 муроҷиат дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Даъват ба сафҳои Артиши миллӣ
Нақшаи иҷрои даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳӣ то имрӯз ба қадри зиёда аз 31,4 фоиз иҷро гардида, 91 нафар шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд. Корҳо дар ин самт бомаром идома дошта, нақшаи даъват муҳлатҳои муайянгардида ба иҷро расонида хоҳад шуд.
Дар ин самт баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон 77 нафар дар курси ронандагии назди Ташкилоти мададгори мудофиа бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони ноҳия аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рӯзи 26 марти соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, инчунин, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки имсол 30-юмин солгарди он таҷлил гардида истодааст, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар оянда низ фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ гардонида, ҷиҳати иҷрои пурраи онҳо аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебаранд ва кӯшиш менамоянд, то қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ карда шаванд.



