Омӯзгорон муҳандисони рӯҳи одамонанд.

  • Posted on: 21 August 2019
  • By: korbar

 

 

21 августи соли равон дар Кохи фарҳанги н.Ёвон машварати августии омӯзгорон доир гардид, ки дар он аз дастовардҳои кормандони соҳа дар соли таҳсили сипаришуда ёдовар шуданд ва барои соли таҳсили 2019-2020 тасмимҳои нав гирифтанд.

 

И.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. омӯзгоронро бахшида ба Рӯзи Дониш таҳният гуфта, аз ҷуила зикр карданд: “Шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзорро бештар аз пештара зиёдтар кардааст.      Имрӯз бояд ҳар як омӯзгор ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд”.

 

Дар суханронии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Диловаршоҳ Исозода қайд гардид, ки аҳли маорифи ноҳияи Ёвон дар татбиқ ва таҳкими сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳиссаи арзанда доранд.

 

Ба як қатор омӯзгороне, ки дар соли таҳсили 2018-2019 ба комёбиҳо ноил гардидаанд, сипосномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд.