Надонӣ гар забони давлати худ ...
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатии ҶТ таҳти унвони “Забони модарон фархунда доред” конференсия баргузор гардид, ки дар он қариб 100 нафар намояндагони касбу кори мухталиф ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти конференсия маърӯзаҳои директори Литсейи №1-и ноҳия Сабоҳат Каримова “Истиқлолият ва забони давлатӣ”, шоира Меҳринисо Сатторӣ “Покии забон покии имон аст”, омӯзгори МТМУ №75 Фарзона Темурзода “Нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ” ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Файзиддини Муҳаммадӣ “Забони шеър забони тоҷикист” шунида шуд.