Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз фавти фоҷиавии сокини шаҳраки Ёвон, кӯчаи А.Ҷомӣ-100, Садбарг Давлатова сахт андуҳгин буда, ба фарзандони дӯстрӯяк ва дигар пайвандони ӯ сабри ҷамил орзу мекунад.
Бо супориши и.в.Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маросими ҷанозаи Садбарг иштирок намуда, ба наздикони марҳума изҳори тасаллият карданд.
Ба се фарзанди Садбарги ноком кумаки молиявии раиси ноҳияи Ёвон дастрас гардида, онҳо таҳти ҳимояи давлат гирифта мешаванд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
