Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...
22 декабри соли равон як гурӯҳ меҳмонон аз шаҳри Хунгани музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Халқии Чин- муовини сардори кумитаи доимии маљлиси умумичинии намояндагони мардумии музофоти Хубэй Лю Сюелун, муовини котиби кумитаи доимии маљлиси умумичинии намояндагони мардумии музофоти Хубэй Ху Цзинго, роњбари идораи рушд ва ислоњоти шањри Хуангани музофоти Хубэй Чюй Кайцзюнь ва сардори идораи корњои хориљии њукумати музофоти Хубэй Ся Цзинь ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд. Ёдрас мешавем, ки шаҳри Хуанган ҳамсояшаҳри Хуаншии музофоти Хубэй мебошад. Хуанши ҳамон шаҳрест, ки Ширкати “Хуаксин” дар он ҷойгир шудааст. Корхонаи азими “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Ширкати мазкур бунёд гардидааст.
Пас аз пазироии самимӣ и.в.Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. меҳмононро ба ҳузур пазируфта, аз ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Чин, ки бо ташаббуси сарварони ду давлати дӯст- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Сиҷин Пин роҳандозӣ гардидаанд, ёдовар шуд.
Муовини сардори кумитаи доимии маљлиси умумичинии намояндагони мардумии музофоти Хубэй Лю Сюелун аз пазироии самимӣ изҳори ташаккур намуда, иброз дошт, ки ин сафари онҳо бо мақсади ҳамкорӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимии №11-и ноҳияи Ёвон ва яке аз мактабҳои шаҳри Хуанган созмон дода шудааст.