Паёми Президент - барномаи ояндасози кишвар.
Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси барномаи мукаммал, барномаи амали ҳар як сокинони мамлакат боиси бунёдкориву созандагиҳо ва рушду тарақии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади татбиқи амалии Паёми Сарвари давлат бо шумули коршиносону собиқадорон 9 гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқоту вохӯриҳо доир намуда истодааст.
Иштирокчиёни вохӯриҳо- сокинони касбу кори гуногун амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ медонанд ва боварӣ доранд, ки ба наслҳои оянда мерос гузоштани давлати ободу мутараққӣ аз ҳисси масъулиятшиносии ҳар як фарди худшиноси кишвар вобастагии амиқ дорад.
Муроҷиати самимонаи Роҳбари давлат оид ба саҳмгузорӣ дар рушди Ватан ҳар яки моро вазифадор мекунад, ки дар иҷрои иқдомҳои неки Пешвои миллатамон ҳиссагузор бошем ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта, ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки мо мардуми куҳанбунёд, ваҳдатсолор ва созандаву бунёдкор ҳастем.