Ҷодаҳоро сабзу хуррам мекунем!
Таҳти ҳамин шиор рӯзи 18 январ кормандони корхонаву муассисаҳои ноҳияи Ёвон ба ҳашар баромада, дар маркази ноҳия тадбирҳои зиёди поксозиву ободониро ба сомон расониданд.
Чунин ҳашарҳои дастҷамъона дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳандозӣ гардида, корҳои ниҳолшинонӣ, яхобмонӣ, сабзкорӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо анҷом дода шуданд.