Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...
Тоҷикистони соҳибистиқлол қариб сӣ сол мешавад, ки соҳибихтиёрӣ пеша кардаву рӯз аз рӯз тараққӣ карда истодааст. Ҳамзамон, миллати сарбаланди тоҷик таърихи куҳан доштаву чун миллати фарҳангӣ ва тамаддунсоз машҳури олам гаштааст. Халқи тоҷиказ азал бо дилу нияти нек нисбат ба якдигар ва ҳамсояҳои дуру наздики худ дар муносибати дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ будаву шиораш “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо як қатор давлатҳо ҳамсарҳад асту бо онҳо дар ҳамаи соҳаҳо дар робита ва ин пеш аз ҳама аз сиёсати хирадмандонаву сулҳдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина мегирад.
Тоҷикистон ва тоҷикистониён асрҳои аср бо давлату миллатҳои Узбекистону узбекҳо Қирғизистону қирғизҳо чун ҳамфарҳангу ҳамойин ва соҳиби як мақсад-ҳамсоягии наздик зиндагӣ доранд. Аз ҷумла, мллати тоҷик асрҳои аср бо миллати қирғиз дар муносибатҳои дӯстонаву неки ҳамсоягӣ зиндагӣ доранду ин муносибатҳо тавассути ҷаҳду талошҳои роҳбарони ҳар ду кишвар дар ҳоли рушд ва боз ҳам беҳтару хубтар гардидан аст. Мутассифона, имрӯз дар расонаҳои ахбори интернетӣ нисбати ин масъала, яъне муносибати тоҷикону қирғизҳо маълумоти бардурӯғи зиёд дада мешавад, ки мақсади он халалдор сохтани муносибати дӯстонаи ин ду миллат аст. Вале имрӯз бо дили пура гуфта метавонем, ки милати тоҷик худогоҳу худшинос аст ва роҳи пешгирифтаи вай ба суйи фатҳи қуллаҳои баланди ободию ободкорӣ ва сулҳу суботи ҳамешагӣ буда, асло намегузорад, ки душманони милаташ ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Ғаниев М корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон