Мо ҳомии Ватанем.
Таҳти ҳамин унвон. ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда дар ноҳияи Ёвон раҳпаймоии ҷавонон, хизматчиёни ҳарбӣ, даъватшавандаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ баргузор гардид. Ҷавонон бо нидоҳои ватандӯстона ва мисраъҳои зерин 3 километр роҳро тай намуда, ба Комиссариати ҳарбии ноҳия омаданд:
Мо- ҷавонони сарафрози Ватан,
Ин Ватанро ҳомии беминнатем.
Дар дифои Тоҷикистони азиз,
Ҳамчу сарбози Ватан омодаем
Азми мо бунёдкористу ҳама
Пайравони Пешвои миллатем!
Дар саҳни Комиссариати ҳарбӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони байналмилал, сарбозону афсарони Қисми низомии 6593, волидони даъватшавандаҳо ба муносибати Рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед зимни суханронӣ аз ҷумла гуфт: “Таҷлили Рӯзи даъватшаванда ин арҷ гузоштан ба марзу буми аҷдодӣ, Артиши миллӣ ва пурра намудану таҳким бахшидани сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон мебошад. Вақте мебинем, ки фарзандони мо ба монанди падарони боору номуси худ бо ғайрату ғасорат ба хотири ободии Ватан хизмати ҳарбиро ихтиёр мекунанд, умед ва бовариямон ба насли наврас, ба ояндаи орому осоишта қавитар мегардад”.
Модарону хоҳарон мувофиқи расму оини тоҷикӣ ба 63 нафар наваскароне, ки хизмати Ватанро ихтиёр кардаанд, нон газонида, ба онҳо садоқату вафодорӣ ва хизмати сарбаландона орзу намуданд.
Барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳия ва таҳти суруду мусиқӣ хурсандӣ кардани даъватшавандаҳову волидони онҳо чорабинии баргузоргардидаро рангу ҷилои дигар бахшиданд.