Семинар-машварати кишоварзони ноҳияи Ёвон оид ба кишти катошка.

  • Posted on: 18 January 2021
  • By: korbar

18 январи соли 2021 бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳайати кормандони раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мутахассисони соҳа дар хоҷагии деҳқонииАлӣ Саид”-и деҳоти Норин семинар-машварат оид ба кишти картошка баргузор карда шуд. Деҳоти Норин макони кишти ҳама гуна зиротҳои кишоварзӣ буда, ҳамасола дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон ҳиссаи арзанда мегузорад. Деҳқонони деҳоти мазкур соли ҷорӣ ҳадаф доранд, ки дар 45 гектар картошка кишт кунанд. Раиси ноҳия зимни баргузории семинар-машварат оид ба соҳаи картошкапарварӣ, тарзу усулҳои муосири ин намуди зироат ва аҳаммияти ин соҳаи сердаромад изҳори ақида намуда, қайд карданд, ки картошкапарварӣ ба таъмини ҳадафи стратегии давлат, яъне амнияти озуқаворӣ мусоидати фаъол хоҳад дошт. Дар анҷоми кори семинар-машварат дар 7 гектар замини хоҷагии деҳқонииАлӣ Саид”-и деҳоти Норин бо риояи ҳама талаботи агротехникӣ картошка кишт карда шуд. Хоҷагии мазкур ҳамагӣ 10 га замин дорад ва дар 3 гектари боқимондаи он ғалладонагӣ ва сабзавот кошта мешавад. Кишоварзони ноҳия дар баробари кишти дигар намудҳои зироат, имсол ният доранд, ки маҷмӯан дар майдони 310 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ картошка кишт намоянд. То имрӯз аллакай масоҳати 38 гектар кишт шудааст, ки ин баробари 12,3 фоизи дурнамо мебошад. Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ёвон аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, имрӯзҳо шудгори заминҳо ва кишти картошкаро бомаром идома дода истодаанд.