ТАҶРИБАИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ САБАҚИ КОРУ ЗИНДАГИСТ.
31 майи соли 2021 бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро конференсияи навбатии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон баргузор гардид, ки дар рафти он аъзои Шӯрои мазкур раиси феълии худ Қутбиддин Сафархоловро боз ба муҳлати 5 соли дигар ба вазифаи раисӣ интихоб карданд.
Ёдрас мешавем, ки собиқадори соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қ.Сафархолов аз соли 2014 инҷониб ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон фаъолият дорад ва дар ин муддат таҳти роҳбарии ӯ собиқадорони меҳнати ноҳия дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида омада истодаанд.
Шӯрои собиқадорон ба як қатор собиқадорони фаъол, ки дар тарбияи насли наврас ва тарғиби ғояҳои ватандӯстона нақши назаррас доранд, сипоснома тақдим намуд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро бо туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ кард.
Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. дар интиҳои конференсия гуфт, ки “собиқадорони соҳибтаҷриба захираи тилоии ҷомеаанд ва кору пайкори онҳо барои ҷавонон мактаби зиндагист”.