КӮДАКОН САРВАТИ БЕБАҲОЯНД.

  • Posted on: 1 June 2021
  • By: korbar

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва хонандагони синфҳои поёнии муассисаҳои таълимӣ барномаи калони фарҳангӣ доир гардид.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. ин санаи ҷашниро ба аҳли толор табрик гуфта, аз ҷумла зикр кард: “Таҷрибаҳои ҳаётӣ далели онанд, ки вақте калонсолон кӯдаконро дӯст медоранд ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки онҳо ҷой медиҳанд, фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ба воя мерасанд.

Вақте волидайн бо кӯдакони худ мисли калонсолон муносибат намуда, ба хоҳишҳои онҳо бодиққат гӯш медиҳанд ва дар баъзе корҳо бо онҳо маслиҳат мекунанд, албатта, кӯдакон пухтаву комил ба воя мерасанд”.

Барномаи консертие, ки аз ҷониби хурдтаракон намоиш дода шуд, аз ҷониби ширкаткунандагони чорабинӣ бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол ёфт.

Дар анҷоми ин ҳамоиши кӯдакони ноҳия ба 24 нафар ғолибони озмуни “Беҳтаринҳо” (аз рӯи 8 номинатсия) диплому туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда, як қатор мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо сипосномаҳо сарафроз гардонида шуданд.

Ин барномаи фарҳангӣ возеҳан гувоҳӣ дод, ки “ояндасозони миллат” дар муҳити хуб ва дар фазои Ватани соҳибистиқлол тарбия меёбанд ва қодиранд, ки рӯзгори минбаъдаи ҷомеаи моро бештар аз имрӯз рушду нумӯъ бахшанд.