Таҷлили ҷашни Сада
Намояндагони сокинони ноҳияи Ёвон дар қатори дигар навоҳии кишвар рӯзи 30 январ дар таҷлили бошукӯҳи ҷашни САДА, ки дар Боғи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат варзида, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ ва анвои болаззати хони тоҷикиро ба намоиш гузоштанд.