ТАБРИКОТ
Қувваҳои Мусаллаҳ такягоҳи давлат ва сипари миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми Тоҷикистони азиз мебошад.
Ҷавонон дар ин мактаби мардонагӣ обу тоб ёфта, аз он дарси ватандӯстӣ меомӯзанд ва баҳри пойдории давлати миллӣ, халалнопазирии сарҳади давлатӣ ва дар арсаи ҷаҳон баланд гардидани нуфузу эътибори Ватани маҳбуби худ садоқатмандона саъю кӯшиш мекунанд.
Бо таманнои он ки Артиши миллии кишвари мо ҳамчун сипари боэтимоди Ватан ҳамеша устувору пойбарҷо бимонад ва афсарону сарбозон шуҷоъ доимо сиҳатманду сарбаланд бошанд, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯям.
