Шод бош, эй дӯст, омад Меҳргон, Шодмонӣ оварад бар дӯст он.
16 октябри соли 2020 дар Боғи “Ғалаба”-и шаҳраки Ёвон ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ маҳсули заҳмати деҳқонони ноҳия, ҳунарҳои дастии донишҷӯёни коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанони шаҳраки Ёвон ба маъраз гузошта шуд, ки бинандаҳо ба онҳо баҳои баланд доданд.







